ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар фарҳанги пурғановати тоҷикон лола ва сияҳгӯш бо фарорасии баҳор, эҳёи табиат, Наврӯз ва анъанаҳои мардумӣ пайванди маънавӣ доранд. Эътирофи лола ва сияҳгӯш ҳамчун гулҳои миллӣ моро ба бозшиносии ин мерос, дарки амиқтари арзишҳои фарҳангӣ ва андеша дар бораи масъулияти ҳифзи сарватҳои табиии Ватан раҳнамун месозад. Бисёр вақт падидаҳое, ки дар зиндагии рӯзмарра одӣ менамоянд, дар асл бозгӯкунандаи ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ ва хотираи таърихии миллат мебошанд. Гулҳо аз ҷумлаи ҳамин падидаҳоянд, ки дар тӯли асрҳо на танҳо ба зиндагии инсон зебоӣ бахшидаанд, балки ифодагари ормонҳо, эҳсосот ва арзишҳои маънавии ӯ низ гардидаанд.
— Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 октябри соли 2026 «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш» аҳаммияти хосса дорад ва тибқи ин фармон, лола ва сияҳгӯш гулҳои миллӣ эълон гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки барои тарғиб ва муаррифии онҳо дар чорабиниҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Иқдоми мазкур ҳамчун таҷассумгари таваҷҷуҳи зиёди давлат ба мероси табиӣ ва фарҳангии мамлакат, таҳкимбахши худшиносии миллӣ ва фароҳамсози имкониятҳои нав барои муаррифии арзишҳои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ асрҳо эътироф гардида, ҳамовозии зиёд дар ҷомеа пайдо менамояд.
Воқеан рамзҳои миллӣ замоне маънои воқеӣ пайдо мекунанд, ки аз доираи эътирофи расмӣ берун рафта, ба ҷузъи шуури ҷамъиятӣ, тарбияи наслҳо ва фарҳанги рӯзмарраи мардум табдил ёбанд.
Дар фарҳанги мардумони гуногуни ҷаҳон гулҳо аз қадим ҷойгоҳи хос доштаанд. Онҳо рамзи эҳёи табиат, покӣ, муҳаббат, умед, ҷавонӣ ва зебоӣ гардидаанд. Ин маъноҳо тасодуфӣ нестанд: инсон дар шукуфтани гул нишонаи идомаи ҳаёт, дар рангорангии он таҷассуми зебоӣ ва дар пажмурдани он ёдоварии гузарон будани умрро дидааст.
Барои миллати тоҷик, ки аз мероси ғании адабӣ, ҳунарӣ ва маънавӣ бархӯрдор аст, гул танҳо ҷузъи олами наботот нест. Он дар забон, адабиёт, мусиқӣ, наққошӣ, гулдӯзӣ, ороиши либосҳои миллӣ ва суннатҳои мардумӣ ҳузури густурда дорад. Вожаи «гул» дар таркиби номҳои маъмули тоҷикӣ, аз қабили Гуландом, Гулбону, Гулчеҳра ва Гулноз низ нишон медиҳад, ки зебоии табиат чӣ гуна ба эҳсосот ва ҷаҳонбинии мардум роҳ ёфтааст. Ин пайванди маънавӣ дар адабиёти тоҷик равшантар зоҳир мешавад. Шоирон ба воситаи гул на танҳо манзараҳои табиатро тасвир кардаанд, балки аз ишқу муҳаббат, ёди диёр, фироқ, умед ва сарнавишти инсон сухан гуфтаанд. Бозор Собир бо ёди лола ва зодгоҳаш Файзобод, ки як гӯшаи Тоҷикистони азиз аст, чунин гуфтааст:
Ҳазор лола ба дил лолазори Файзобод,
Дубора хуни ҷигар шуд, чаро намеоӣ?
Дар ин мисраъҳо лола бо ёди диёр ва эҳсоси пазмонӣ омезиш ёфтааст. Гул дар ин ҷо танҳо зебоии табиат нест, балки воситаи баёни хотира, дарди дил ва пайванди инсон бо макони азиз мебошад. Ҳамин гуна маъниофарӣ ба образи гул дар адабиёт умқи маънавӣ мебахшад.
Лола яке аз гулҳои шинохта ва дӯстдоштаи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад. Шукуфтани он дар фасли баҳор, вақте ки кӯҳсорону даштҳо аз хоби зимистона бедор мешаванд, ба табиат ҳусни тоза мебахшад. Рангҳои ҷолиб ва таровати ин гул аз эҳёи табиат, оғози марҳалаи нави зиндагӣ ва фарорасии рӯзҳои хурраму умедбахш мужда медиҳанд.
Тоҷикистон бо релефи кӯҳистонӣ, гуногунии иқлим ва олами набототи худ дорои муҳити табиии гуногун мебошад. Минтақаи Помиру Олой ва дигар қисматҳои Осиёи Марказӣ аз минтақаҳои дорои гуногунии намудҳои лола ба шумор мераванд. Омӯзиш ва ҳифзи ин гуногунӣ аҳаммияти илмӣ ва экологӣ дошта, дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши таъсири фаъолияти инсон таваҷҷуҳи бештарро тақозо мекунад.
Дар фарҳанги тоҷикон лола бо суннатҳои мардумӣ, махсусан «Сайри гули лола» пайванди хос дорад. Ин ойин мардумро ба оғӯши табиат мебарад, завқи зебоипарастиро бедор мекунад ва фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамдилиро тақвият мебахшад. Сайри гул танҳо тамошои манзараҳои зебо нест, он таҷассуми муносибати инсон ба муҳити зист, эҳтиром ба неъматҳои табиат ва идомаи анъанаҳои гузаштагон мебошад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ суннати «Сайри гули лола» бо мазмуну муҳтавои нав идома ёфта, ба ҳамоишҳо фарогири фарҳангӣ ва ободонӣ табдил ёфтааст. Баргузории он барои зебо гардонидани шаҳру деҳот, густариши фарҳанги гулпарварӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ имконият фароҳам меорад.
Лола дар ҳунарҳои мардумӣ низ ҷойгоҳи намоён дорад. Нақши он дар чакани тоҷикӣ, гулдӯзӣ, ороиши матоъ ва дигар навъҳои ҳунари анъанавӣ ба назар мерасад. Устодони ҳунар бо истифода аз нақшу нигори гулҳо зебоии табиатро ба офаридаҳои худ интиқол дода, ба онҳо мазмуни миллӣ мебахшанд. Ҳамин тавр, лола аз муҳити табиӣ ба фазои фарҳангӣ ворид шуда, ба ҷузъи шинохташавандаи ҳунари тоҷикон табдил ёфтааст.
Дар осори классикони адабиёти форсу тоҷик гул мақоми вижа дорад. Гоҳе он рамзи маҳбуб ва ҳусну латофат, гоҳе таҷассуми ҷавонӣ ва шодобии зиндагӣ ва гоҳе воситаи баёни андешаҳои амиқи фалсафию ирфонӣ мебошад. Гул дар ин осор танҳо мавзуи тасвир нест, балки воситаи дарки зиндагӣ, ифодаи эҳсосот ва шинохти зебоии олам аст. Калими Кошонӣ гуфтааст:
Соқӣ, зи май кудурати дил кам намешавад,
Биншин, ки доғи лола зи борон намеравад.
Дар ин байт лола бо образи доғ пайванд ёфта, ба рамзи дарде табдил мешавад, ки бо гузашти вақт ё воситаҳои зоҳирӣ ба осонӣ аз байн намеравад. Мазмуни шеър хонандаро ба андеша водор месозад, ки баъзе эҳсосот ва хотираҳои инсонӣ он қадар амиқанд, ки тағйироти берунии зиндагӣ онҳоро аз миён бурда наметавонанд. Бедил низ бо сабки хоси маъниофарии худ аз образи лола истифода бурдааст:
Лола танҳо хун нахӯрд, аз соғари таҳсили доғ,
Кори дил то пухта шуд, мо ҳам нафасҳо сӯхтем.
Дар ин байт лола ба воситаи баёни таҷрибаи дарунӣ ва сӯзу сози дил маънои рамзӣ пайдо мекунад. Тасвирҳои «соғари таҳсили доғ» ва «нафасҳо сӯхтем» ба сабки печидаи Бедил хос буда, хонандаро ба андеша дар бораи ранҷи ботинӣ, таҷрибаи зиндагӣ ва пухтагии маънавии инсон мебаранд.
Ҳамин аст, ки образи лола дар адабиёти классикӣ ва муосир танҳо ба тавсифи зебоӣ маҳдуд намешавад. Он гоҳе нишонаи шодию муҳаббат, гоҳе рамзи ранҷу хотира ва гоҳе воситаи баёни андешаҳои фалсафӣ мегардад. Ин гуногунрангии маъноӣ арзиши лоларо ҳамчун образи пойдори фарҳангӣ боз ҳам равшантар месозад.
Аз ин рӯ, эълон гардидани лола ҳамчун гули миллӣ на танҳо эътирофи зебоии табиӣ, балки имконияти муаррифии мероси адабӣ ва фарҳангии вобаста ба он низ мебошад. Ин иқдом метавонад барои шинос намудани насли ҷавон бо ашъори классикӣ, эҷодиёти муосир ва суннатҳои мардумӣ заминаи муносиб фароҳам оварад.
Дар миёни гулҳои баҳорӣ сияҳгӯш низ ҷойгоҳи хос дорад. Дар шарҳи расмии фармони мазкур он ҳамчун нахустин муждарасони баҳор ва рамзи хотираи таърихию асотирии мардум муаррифӣ шудааст. Пайдо шудани гулҳои аввалини баҳорӣ, ҳангоме ки табиат ҳанӯз аз сардии зимистон пурра раҳо нашудааст, дар тасаввури мардум нишонаи бедорӣ, умед ва оғози зиндагии нав мебошад.
Сияҳгӯш бо шукуфоии баҳорӣ ва ҳусни нозуки худ ба манзараҳои табиат таровати тоза мебахшад. Аммо аҳаммияти он танҳо ба зебоии зоҳирӣ маҳдуд намешавад. Вақте гул дар хотираи мардум бо ривоят, эҳсос ва маъноҳои фарҳангӣ пайванд мегирад, он аз як падидаи табиӣ ба унсури шинохти миллӣ табдил меёбад. Шоир Инъомҷон Темурзода дар шеъри «Гули сияҳгӯш» ба ҳусни ин гул ва пайванди он бо эҳсосоти инсон ишора мекунад:
Аҷаб ҳусни расо дорӣ, сияҳгӯш,
Ба дил шодӣ ҳамеорӣ, сияҳгӯш.
Барои ошиқони интизорат,
Паёми навбаҳор орӣ, сияҳгӯш.
Дар ин мисраъҳо сияҳгӯш ҳамчун муждарасони баҳор ва сарчашмаи шодии қалб тасвир шудааст. Шоир бо истифода аз забони самимӣ гулро ба падидае табдил медиҳад, ки на танҳо ба чашм зебоӣ мебахшад, балки дар дили инсон низ эҳсоси тозагӣ ва умед бедор мекунад.
Сияҳгӯш дар шеър метавонад рамзи нозукӣ, интизорӣ ва меҳру муҳаббат бошад. Ин вижагиҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна як падидаи табиӣ дар зеҳни эҷодкор ба образи адабӣ табдил ёфта, маъноҳои гуногуни инсонӣ касб мекунад.
Миллӣ эълон гардидани сияҳгӯш барои бештар шинос намудани мардум бо ин гул, омӯзиши хусусиятҳои табиии он ва муаррифии мақоми фарҳангиаш имконияти нав фароҳам меорад. Дар баробари ин, зарур аст, ки маълумоти илмӣ дар бораи намуд, муҳити сабзиш ва хусусиятҳои ботаникии он дақиқу санҷидашуда бошад. Омезиши донишҳои илмӣ бо мероси адабӣ ва мардумӣ метавонад шинохти ҷомеаро амиқтар гардонад.
Пайванди гулҳо бо Наврӯз яке аз намунаҳои равшани робитаи инсон ва табиат дар фарҳанги тоҷикон мебошад. Наврӯз танҳо ҷашни фарорасии соли нави хуршедӣ нест, он таҷассуми эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, тозагӣ, ҳамдилӣ ва умед ба зиндагии беҳтар низ ҳаст. Дар ин фазои маънавӣ гулҳо ҳамчун нишонаи бедории табиат ва фарорасии фасли шукуфоӣ ҷойгоҳи хос доранд.
Дар суннатҳои мардумӣ расму ойинҳои вобаста ба фасли баҳор барои наслҳои гуногун имконияти иштирок дар зиндагии фарҳангии ҷомеаро фароҳам меоварданд. Кӯдакону наврасон тавассути сурудҳо, ривоятҳо, расму ойинҳои баҳорӣ ва муносибат бо табиат арзишҳои меҳрубонӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмиро меомӯхтанд. Ҳамин таҷрибаҳо фарҳангро аз доираи донишҳои назариявӣ берун оварда, ба ҷузъи зиндагии воқеии мардум табдил медоданд.
Дар шароити муосир низ ин суннатҳо метавонанд барои тарбияи насли наврас аҳаммияти муҳим дошта бошанд. Агар кӯдак аз хурдӣ бо гулҳои маҳаллӣ, хусусиятҳои табиат ва ривоятҳои вобаста ба онҳо ошно шавад, дар ӯ на танҳо завқи зебоипарастӣ, балки эҳсоси масъулият дар назди муҳити зист ва эҳтиром ба мероси ниёгон ташаккул меёбад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифии тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аз самтҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор мераванд. Дар ин раванд, эътирофи рамзҳое, ки бо табиат, суннат ва хотираи мардум пайванди дерина доранд, метавонад ба густариши худшиносии миллӣ мусоидат намояд.
Аҳаммияти фармони мазкур дар он аст, ки масъалаи гулҳои миллӣ ва муаррифии онҳо дар сатҳи давлатӣ матраҳ мегардад. Татбиқи он метавонад чанд самти ба ҳам алоқамандро фаро гирад. Аз ҷумла, омӯзиш ва тарғиби мероси фарҳангӣ, омӯзиши илмӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ, муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва самтҳои монанди ин. Гулҳои миллӣ метавонанд дар чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, маводи сайёҳӣ ва барномаҳои дипломатияи фарҳангӣ ҳамчун ҷузъи муаррифии табиат ва фарҳанги кишвар истифода шаванд.
Суҳайл АСРОРЗОДА,
докторанти ихтисоси сиёсатшиносии Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС:АМИТ «Ховар»
