ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» бо иштироки олимону муҳаққиқони дохил ва хориҷи мамлакат баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки таваҷҷуҳи хосса ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ки дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» амалӣ мегардад, барои густариши таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, тарбияи насли нави олимон ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сарватҳои табиӣ дар рушду болоравии саноат, устворсозии тавоноии истеҳсолӣ ва таъмини амнияти иқтисодии мамлакат нақши арзишманд доранд. Самти дигари афзалиятноки форум омӯзиши хатарҳои геологӣ ва таҳияи роҳҳои коҳиш додани таъсири онҳо ба аҳолӣ, инфрасохтор ва иқтисодиёт мебошад.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои кӯҳсор ва шароити душвору печидаи геодинамикӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи заминҷунбӣ, равандҳои ярч, фурӯрезии ҷинсҳои кӯҳӣ, сел ва дигар падидаҳои хатарнок эҳтиёҷ дорад. Рушди илми миллӣ бе ҳамкории байналмилалӣ, табодули дониш ва корбарии таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Мушкилоти кунунии геологӣ аксаран хусусияти фаромарзӣ доранд ва омӯзиши онҳо иштироки муштараки муассисаҳои илмӣ, корбарии равишҳои ҳамоҳангшудаи таҳқиқот ва мубодилаи озоди натиҷаҳои илмиро талаб менамояд.
«Баргузории форум барои мустаҳакамсозии робитаҳои илмӣ байни пажуҳишгоҳҳои таҳқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони байналмилалӣ заминаи арзишманд фароҳам меорад. Мо бояд аз чунин имкониятҳо барои амалисозии лоиҳаҳои якҷояи илмӣ, рушди заминаҳои таҷрибавию таҳлилӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби пажуҳишгарони ҷавон ба омӯзиши технологияҳои нав самаранок истифода барем»,- гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Дар идомаи форум олимону муҳаққиқон дар маърузаҳояшон масъалаҳои муҳими рушди илмҳои геологӣ, дастовардҳои муосири таҳқиқоти геологию геофизикӣ, омӯзиши сохтори геологии минтақаи Осиёи Марказӣ, арзёбии захираҳои маъданӣ, таҳқиқи равандҳои геодинамикӣ ва роҳҳои коҳиш додани хатари офатҳои табииро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Октябрь 26, 2026 11:40
