ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо мақсади баррасии дурнамо ва самтҳои афзалиятноки рушди алоқаи мобилии насли панҷум (5G), ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи телекоммуникатсия Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G доир гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар форум сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иброз дошт, ки дар доираи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки операторони алоқаи мобилӣ насби пойгоҳҳои базавии стандарти 5G амалӣ мегардад.
Дар ин замина моҳи октябри соли 2025 Хадамоти алоқа ва операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳумро оид ба таъсиси консорсиум барои рушди шабакаҳои насли панҷум (5G) ба имзо расониданд. Дар доираи он нақшаи ҷорӣ намудани стандарти 5G барои соли 2026 тасдиқ гардидааст, ки насби беш аз 2 ҳазор пойгоҳи базавии 5G-ро дар марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои мамлакат пешбинӣ менамояд.
«Аллакай тамоюли мусбати рушди ин технология ба мушоҳида мерасад. Агар дар оғози соли 2026 дар Тоҷикистон 71 пойгоҳи базавии 5G фаъолият мекард, пас имрӯз шумораи онҳо ба 206 адад расидааст»,–афзуд Исфандиёри Саъдулло.
Таъкид шуд, ки ҳадафи баргузории форум баррасии нақшаҳо ва афзалиятҳои миллии Тоҷикистон дар самти рушди шабакаҳои алоқаи мобилии насли панҷум, такмили соҳаи телекоммуникатсия ва таҳияи стратегияи миллӣ дар ин самт мебошад.
Гуфта шуд, ки рушди технологияҳои алоқаи мобилии насли панҷум ва Интернети ашё барои рақамикунонии иқтисодиёт, саноат, инфрасохтор ва низоми идоракунии давлатӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Суръати баланди интиқоли маълумот, таъхири ками шабака ва имконияти ҳамзамон пайваст намудани шумораи зиёди таҷҳизот барои ҷорӣ намудани низомҳои зеҳнии идоракунӣ, автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳо замина мегузоранд.
Яке аз самтҳои муҳими чорабинӣ муаррифии таҷрибаи байналмилалии истифодаи технологияҳои 5G ва Интернети ашё буд. Дар ин замина таҷрибаи ширкати Huawei дар татбиқи лоиҳаҳои технологӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои минтақа, инчунин имкониятҳои истифодаи қарорҳои истеҳсолкунандагони таҷҳизоти IoT ва ширкатҳои таҳиякунандаи технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид.
Изҳор гардид, ки истифодаи технологияҳои 5G ва Интернети ашё метавонад ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, энергетика, таъминоти об, саноат, истихроҷи маъдан, нақлиёт, логистика ва тандурустӣ мусоидат намояд.
Баргузории чунин форумҳо дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ба таҳкими ҳамкории соҳавӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки технологияҳои 5G ва Интернети ашё аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди инфрасохтори рақамӣ ба шумор рафта, истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногун метавонад ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва густариши имкониятҳои инноватсионӣ мусоидат кунад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
