ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22–23 октябри соли 2026 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия як қатор чорабиниҳои муҳими Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардиданд, ки дар онҳо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Барно Саидвализода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Аз ҷумла, Барно Саидвализода дар мизи мудаввар таҳти унвони «Танзими ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар фазои илмию таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими рушди маориф, истифодаи технологияҳои муосир, такмили қонунгузорӣ ва густариши ҳамкории байнипарламентӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён намуд.
Зеҳни сунъӣ ва зарурати танзими ҳуқуқии он дар соҳаи маориф
22 октябр дар маркази конгрессию намоишгоҳии «Экспофорум»-и шаҳри Санкт-Петербург мизи мудаввар дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии истифодаи зеҳни сунъӣ дар фазои илмию таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ташаббуси Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуда, намояндагони парлумонҳо, олимон, ҳуқуқшиносон ва коршиносони давлатҳои ИДМ-ро гирди ҳам овард.
Дар ин чорабинӣ масъалаҳои имконият ва хатарҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи ҳуқуқи омӯзгорону донишҷӯён, таъмини амнияти иттилоотӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, риояи принсипҳои ахлоқи илмӣ ва зарурати таҳияи санадҳои намунавии ҳуқуқӣ дар доираи давлатҳои иштирокдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баррасии масъалаҳои муҳими соҳаи илму маориф дар комиссияи доимӣ
23 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии технологияҳои саноатӣ ва дизайни Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони парлумонҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳои марбут ба такмили қонунгузории соҳаи маориф, рушди ҳамкории илмию таълимӣ, роҳнамоии касбии кӯдакону ҷавонон, иштироки ҷомеа дар таълиму тарбияи кӯдакон, таҳияи истилоҳоти соҳаи зеҳни сунъӣ ва дигар самтҳои афзалиятнокро мавриди муҳокима қарор доданд.
Яке аз масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҷаласа баррасии лоиҳаи тавсияҳо «Дар бораи иштироки ҷомеа дар таълим ва тарбияи кӯдакон» буд, ки бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Дар муҳокимаи масъалаи мазкур узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф, узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Рухшона Восифҷонзода ба таври маҷозӣ иштирок намуда, вобаста ба муҳтаво, мақсад ва аҳаммияти лоиҳаи тавсияҳо суханронӣ кард.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода зимни баррасии лоиҳа иброз намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мавриди амал қарор дорад, ки бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тањия ва қабул гардида, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст. Таълиму тарбияи кӯдакон танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон набуда, дар ин раванд иштироки фаъоли оила, падару модар, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон Барно Саидвализода таъкид намуд, ки таҳияи чунин санад барои густариши ҳамкории давлат, муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа, инчунин мубодилаи таҷрибаи кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар натиҷаи баррасӣ лоиҳаи тавсияҳо дар маҷмӯъ ҷонибдорӣ гардида, идомаи такмили он бо дарназардошти пешниҳодҳои давлатҳои иштирокдор пешбинӣ шуд.
Пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба роҳнамоии касбии кӯдакону ҷавонон пазируфта шуданд
Масъалаи дигари муҳими рӯзномаи ҷаласа баррасии лоиҳаи «Тавсияҳо оид ба роҳнамоии касбии кӯдакону ҷавонон барои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» буд.
Ҳадафи асосии таҳияи санад такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии роҳнамоии касбӣ, мусоидат ба интихоби бошууронаи касб, мутобиқ намудани омодагии касбии ҷавонон ба талаботи бозори меҳнат ва рушди ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин самт мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ҳангоми баррасии пешакии лоиҳаи тавсияҳо як қатор пешниҳодҳои мушаххасро ҷиҳати такмили муҳтавои он ирсол намуда буд.
Ин пешниҳодҳо, пеш аз ҳама, ба истифодаи технологияҳои рақамӣ дар роҳнамоии касбӣ, рушди низоми электронии иттилоот оид ба касбу ихтисосҳо, ба назар гирифтани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани нуфузи касбҳои коргарӣ ва муҳандисию техникӣ, инчунин таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва корфармоён равона гардида буданд.
Аз ҷумла, Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар санади мазкур истифодаи платформаҳои рақамӣ, низомҳои электронии иттилоотӣ ва барномаҳои мобилӣ барои дастрас намудани кӯдакону ҷавонон ба маълумоти зарурӣ оид ба касбу ихтисосҳои муосир пешбинӣ карда шавад.
Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон ба баланд бардоштани мақоми касбҳои коргарӣ, муҳандисию техникӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ равона шуда, зарурати шиносоии барвақтии хонандагон бо касбу ихтисосҳои замонавӣ, ташаккули малакаҳои рақамӣ ва робитаи зичи муассисаҳои таълимӣ бо корхонаҳои истеҳсолиро дар бар мегирифт.
Дар баробари ин, Тоҷикистон тақвияти ҳамкории байниидоравӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти соҳаҳои маориф, меҳнат ва иқтисод, ҷалби корфармоён ба раванди роҳнамоии касбӣ ва таҳияи пешгӯиҳои дарозмуддати талаботи бозори меҳнат ба кадрҳои соҳибихтисосро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки зимни таҳияи барномаҳои роҳнамоии касбӣ хусусиятҳои таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ ва шароити иҷтимоию иқтисодии ҳар давлат ба назар гирифта шаванд.
Муҳим он аст, ки тамоми пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар раванди такмили лоиҳаи тавсияҳо мавриди дастгирӣ қарор гирифта, дар таҳрири минбаъдаи санад ба инобат гирифта шуданд.
Иброз гардид, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон ба такмили ҷанбаҳои амалии ҳуҷҷат, ба назар гирифтани хусусиятҳои миллӣ ва таъмини ҳамоҳангии роҳнамоии касбӣ бо талаботи воқеии бозори меҳнат равона гардидаанд.
Таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ дар соҳаи илму маориф
Дар ҷаласаи Комиссияи доимӣ, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба таҳияи луғати тафсирии истилоҳоти соҳаи зеҳни сунъӣ, такмили танзими ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои базавии илмии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ташаккули низоми тахассусҳои кӯтоҳмуддат ва эътирофи малакаҳои касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷом масъалаҳои марбут ба нақшаи фаъолияти Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф барои соли 2027 баррасӣ гардиданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
